маълум

маълум
[معلوم]
а
1. дониста, шинохта; муқоб. маҷҳул
2. аён, ошкор; гӯсолаи шуданӣ аз пояш маълум (мақ.); ба мақсади маълум бо мақсади муайян; бо сабабҳои маълум бо сабабҳои муайян; бо сабабҳое, ки ҳама медонанд; маълум будан ба касе хабардор будан, бохабар будан; маълум кардан а) хабар додан, иттилоъ додан; б) зоҳир кардан, нишон додан; маълум шудан (гаштан) а) ошкор шудан, аён гаштан, равшан шудан(-и натиҷаи чизе, гузаштани вақт ва ғ.); б) хабар ёфтан, огоҳ шудан; нуфузи маълум доштан таъсири муайян доштан, як андоза нуфуз доштан; маълум аст, ки… ошкор (аён, равшан) аст, ки…, ҳувайдост, ки…, маълум мешавад, ки…; ба хулосае омадан мумкин аст, ки…; ин гапи маълум (аст) ин гапест, ки ҳама медонанд, ин гапи машҳур аст

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Смотреть что такое "маълум" в других словарях:

  • аён — [عيان] а. маълум, ошкор, равшан, возеҳ, фаҳмо; он чи аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён. (зарб.); аён дидан ошкоро дидан, аниқ дидан; аён донистан ба таври равшан донистан, возеҳ донистан; аён кардан маълум кардан, аниқ кардан; нишон додан; аён шудан… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • буда — [بوده] 1. феъли ҳол ва сифати феълии замони гузашта аз будан; маълум буда бошад, ки… маълум гардад, ки…, маълум бод, ки… 2. ҳозир, ҳузурдошта, мавҷудбуда (ба ин маъно одатан дар шакли ҷамъ меояд) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ошкор — [آشکار] ба ҳама маълум, намоён, аён, падидор; муқоб. пинҳон; ошкору ниҳон аёну пӯшида, намоёну махфӣ; ошкор кардан аён кардан, маълум кардан, ба рӯи об баровардан; ошкор шудан(гардидан) маълум гардидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • афт — I [افت] асоси замони ҳозира аз афтодан // афтидан II [افت] рӯй, андом, қиёфа; намуди зоҳирӣ (умуман); афту андом шаклу шамоил, намуди зоҳирӣ; афту башара афту андом, намуди зоҳирӣ, қиёфа; аз афташ зоҳиран, маълум мешавад, ки …; аз афти кор маълум …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баромадан — [برآمدن] 1. берун шудан, хориҷ гаштан, бадар рафтан; муқоб. даромадан 2. боло шудан, баланд шудан (бо зина, ба бом) 3. тиб. аз ҷо беҷо шудани устухони дасту пой ва ғ. 4. рафтан: ба саёҳат баромадан, ба кӯча баромадан; ба кор баромадан ба кор… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бидъат — [بدعت] а. д 1. ақида ва қоидаҳои нав дар дин, ки мухолифи таълимоти ҳукмрони дин мебошад; дар ислом ҳар унсур ва қоидаи нав, ки баъди Муҳаммад (с) пайдо мешуд, бидъат ном мегирифт 2. риоя накардани расму одати маълум, берун рафтан аз расму одати… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бӯ — (бӯй) [بو // بوي] бухори нонамоёне, ки аз чиз ва моддаҳои гуногун ҷудо шуда, дар ҳаво паҳн мегардад ва ба воситаи бинӣ қувваи шомма ҳис мешавад, роиҳа: бӯи бад, бӯи гул, бӯи тунд, бӯи ғализ; бӯй гирифтан бадбӯй шудан, бӯи бад пайдо кардан (дар… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • зоҳир — [ظاهر] а 1. қисми ба назар намоёни ҳар чиз, рӯи чизе; намуди берунӣ, ҳолати берунӣ 2. ошкор, возеҳ, равшан, аён, маълум; ба (дар) зоҳир зоҳиран, дар намуд, ба намуд; зоҳиру ботин намуди берунӣ ва ҳолати дарунӣ; ошкору пинҳон; зоҳир гаштан а)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • маълумот — [معلومات] а. ҷ. маълум 1. маҷмӯи он чи ки оид ба чизе дониста шудааст 2. хабарҳо доир ба чизе ё масъалае, иттилоот: маълумоти дуруст, маълумоти махфӣ, маълумот гирифтан, маълумот додан, маълумот ғун кардан ё ҷамъ кардан, маълумотро аниқ кардан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • муайян — [معين] а 1. таъйиншуда, муқарраршуда 2. аниқ, яқин, муқаррар; вақти муайян вақти муқарраршуда, вақти таъйиншуда; миқдори муайян миқдори маъҳуд, миқдори маълум; муайян кардан а) маълум кардан; аниқ кардан; б) таъйин кардан, муқаррар намудан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»